Бо ташаббуси бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар тамоми ноҳияҳои вилоят ба хотири дастгирии сулҳу созиш дар кишвар чорабиниҳо доир мегарданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, чанде қабл дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент ба ин монанд чорабинии калони идонаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он наздики 10 ҳазор сокинону меҳмонон иштирок карданд.
«Дар ин чорабинӣ муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Даврон Зоҳидов, раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров ва дигар фаъолони ҳизб суханронӣ намуда, аз вазъи мавҷуда дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ ва амали гурӯҳҳои ҷиноятпешаро, ки амну субот ва шукуфоии Тоҷикистон «табъи дилашон нест», маҳкум карданд», – гуфт вай.
Ба қавли ӯ, бахши ҲХДТ дар вилояти Суғд сафари як гурӯҳ модарони сарбозони вилоят ба навоҳии тобеи марказро созмон дод, ки дар ҷараёни ин вохӯриҳо модарон бо шароити будубоши фарзандон, афсарон ва ҳамхизматони онҳо аз наздик ошно мегарданд.
«Чанде қабл вохӯрии модарони сарбозони вилояти Суғд бо сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ дар шаҳри Турсунзода ба анҷом расида, онҳо ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт раҳсипор шуданд», – афзуд У.Солеҳов.