Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис нахуст вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 «Доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2010-2014» шунида шуд.
Дар ҳисоботи вазир зикр гардид, тибқи ин қарор дар солҳои 2010-2014 бо харҷи 34,3 миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ бояд ҳолати мелиоративии 49 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар карда шавад.
Р.Бобокалонов ҳамчунин изҳор кард, ки дар солҳои 2010-2011 бо харҷи зиёда аз 17 миллион сомонӣ ҳолати наздики 23300 га замини обӣ беҳтар гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда бештар мебошад.
Сарвари давлат дастур дод, ки бо истифода аз технологияҳои муосир истифодаи каммасрафи оби кишоварзӣ, аз ҷумла обёрии қатрагӣ васеъ ба роҳ монда шавад, то ки ҳам об сарфа шавад ва ҳам ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ беҳ гардад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҳаҷми заминҳои корами обӣ аз ҳисоби заминҳои партов ва азхудшаванда зиёд карда шавад, то ки ҳам ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардад ва ҳам истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёбад.
Сипас ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба иҷрои талаботи қонунгузории кишвар дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ҳисобот дод. Зимни ҳисобот аз ҷумла зикр гардид, ки 85% маблағгузории буҷети ноҳияи Шуғнон, ки дар ҳаҷми 13,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аз ҳисоби субвенсияи ҷумҳуриявӣ мебошад. Ғайр аз ин танҳо ҳамин сол барои сохтмони иншооти нави ноҳияи Шуғнон 20 миллион сомонӣ мабағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ равона гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти кӯчондани маркази ин ноҳия аз шаҳри Хоруғ ба шаҳраки Ваҳдат ба ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки биноҳои мақомоти маҳаллии худро дар маркази нави маъмурии ин ноҳия ҳарчи зудтар бунёд намуда, дар ободонии он саҳми намоён гузоранд. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои маҳаллии мошингард, муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, маркази ҷавонон, варзишгоҳи асосӣ ва дигар иншооти зарурӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон ва ҳамчунин барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони хусусӣ дода шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби президент доир ба ободонии шаҳри Хоруғ супоришҳо дода шуд. Ҷанбаҳои гуногуни ин масъала зимни ҳисоботи Директори Агентии сохтмон ва меъморӣ доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва риояи Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ баррасӣ гардид.
Дар маҷлис як зумра лоиҳаи қонунҳо ва хулосаҳои ҳукумат доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи иҷораи моликияти давлатӣ», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва ғайра маъқул дониста шуда, ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод карда шуд.
Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 тасдиқ карда шуд.
Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Баҳодур Искандаров номгузорӣ карда шуд. Яке аз қуллаҳои баланди беноми қаторкӯҳҳои Помир, ки ба наздикӣ аз ҷониби 75 кӯҳнавард аз 17 кишвари ҷаҳон фатҳ гардид, «20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шуд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба оғози идонаю тантанавии соли нави таҳсили 2012-2013 дар муассисаҳои таълимӣ ва истиқболи шоиста аз бузургтарин ҷашни миллӣ – солгарди навбатии истиқлоли давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.