Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҳизб бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия як силсила вохӯриҳо доир менамояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши ҷавонони ҲХДТ Адҳам Мирсаилов аз шаҳри Красноярски Русия хабар дод, имрӯз дар ин шаҳр мулоқоти намояндагони ташкилот бо муҳоҷирони тоҷик баргузор гардида, ин гуна вохӯриҳо то 8-уми сентябр дар шаҳрҳои Иркутск ва Новосибирск идома меёбанд.
«Вохӯриҳо бо дастгирии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ва дар ҳамдастӣ диаспораҳои тоҷикони Сибир созмон дода шуда, дар онҳо мо ният дорем, ки ба муҳоҷирон дар бораи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳадафҳои стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот дода, дар ҳалли мушкилоташон мусоидат намоем», – таъкид кард А.Мирсаилов.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.