Дар иди асалу харбуза дар шаҳри Душанбе, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, беш аз 120 тонна асал ва 150 тонна харбуза ба фурӯш бароварда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, Иди асалу харбуза дар панҷ бозори пойтахт – «Шоҳмансур», «Варзоб», «Қарияи Боло», «Саховат» ва «Деҳқон» доир гардид.
Дар ин бозорҳо ба сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марзказ пешкаш гардид.
Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти кишоварзии дар чорабинии идона пешниҳодшуда бо нархҳои нисбатан арзон фурӯхта шуданд. «Масалан, як кило асал то 30 сомонӣ ва як дона харбуза то 8 сомонӣ арзиш дошт. Дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои 30-50% поинтар аз нархи бозор пешниҳод гардиданд», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.