Наздикони Имомназар Имомназаров , ки рӯзи 22-юми август кушта шуд, изҳороти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар бораи имкон надодан ба баргузории тафтиши куштори Имомназаров ва боздид аз макони ҳодисаи қатлро рад мекунанд.
Ба қавли онҳо, ки аз ифшои ному насабашон худдорӣ карданд, кормандони шуъбаи шаҳрии милиса аз ҷойи ҳодиса боздид намуда, кори онҳо дар навори видеоӣ сабт шудааст.
Нусхаи навори видеоии мазкур ба идораи ОИ «Азия-Плюс» пешниҳод гардида, дар он чаҳор нафар кормандони милиса дар ҷойи ҳодисаи қатли Имомназаров машғули коранд.
Дар шарҳи изҳороти вазири мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба гӯё латукӯби кормандони милиса, наздикони Имомназаров мегӯянд, пас аз ҳодиса худи онҳо ҳузури коршиносонро талаб кардаанд, вале ба онҳо посух додаанд, ки бинобар сабаби нигаронӣ онҳо наметавонанд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шаванд.
Аз ин рӯ, онҳо кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳрро ба ҷойи ҳодиса даъват кардаанд ва зимни кори онҳо каме дуртар аз манзили Имомназаров автомашинаи сиёҳшишаи тамғаи «Нива» қарор мегирад. Баъди чанд муддат яке аз ҷавонон ба назди автомашина омада, дари онро боз мекунад ва яке аз онҳоро бо сарулибоси низомӣ ба берун мекашад. Афроди боқимондаи дохили автомашина дарҳоро қуфл кардаанд. Ин замон дигарон низ ба назди автомашина омада, онро ба алвонҷдиҳӣ шурӯъ мекунанд. Ҳангоме ки онҳо аз автомашина пиёда мешаванд, чанде бо доду фарёд ба онҳо ҳуҷум мекунанд, аммо ором кардани издиҳом муяссар гардида, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳифозат ба манзили бародари Имомназаров ҷой дода мешаванд. Баъди чанде онҳоро ба шаҳр интиқол медиҳанд.
«Ин рафтори онҳо ба назар шубҳаовар намуд. Аз ин рӯ, мо онҳоро аз мошин берун оварда, барояшон дастархон оростем ва сипас баргашта рафтанд», – гуфтанд онҳо.
Дар робита ба масъалаи бинобар сабаби аз комисариати ҳарбӣ рабуда шудани кормандони прокуратура оғоз гардидани амалиёт, онҳо иброз доштанд, ки кормандони прокуратура на қабл аз амалиёт, балки баъди оғози амалиёт рабуда шуданд.
Айни замн сокинони шаҳри Хоруғ ташрифи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро интизорӣ дошта, умедворанд, ки бо омадани ӯ қазияи Хоруғ пурра ҳал хоҳад шуд. Сафари сарвари давлат ба Хоруғ рӯзҳои 17-18-уми сентябр дар назар аст.