Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муқобили тағйири номҳои анъанавии маҳаллаҳои аҳолинишин ба унвони шахсони ҷудогона аст

               Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар иҷлосияи 16-уми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) ҳангоми муҳокимаи масъалаи ба ҷамоати Андароби ноҳияи Ишкошим гузоштани номи Аскар Замиров, аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки ӯ муқобили тағйири номҳои анъанавии маҳаллаҳои аҳолинишин ба унвони шахсони ҷудогона […]

Аваз Юлдошев



            




 

Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар иҷлосияи 16-уми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) ҳангоми муҳокимаи масъалаи ба ҷамоати Андароби ноҳияи Ишкошим гузоштани номи Аскар Замиров, аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки ӯ муқобили тағйири номҳои анъанавии маҳаллаҳои аҳолинишин ба унвони шахсони ҷудогона аст.





           

«Агар мо номҳои зебои тоҷиконаи маҳаллаҳои аҳолинишинро ба номҳои шахсони ҷудогона иваз намудан гирем, пас ягон деҳае бо номи таърихиаш боқӣ нахоҳад монд», – гуфт зимни суханрониаш оид ба ин масъала Тӯраҷонзода. Сарфи назар аз ин, қарори мазкур, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, ба таври мусбат ҳал гардид. Раиси ММ МО ҶТ Маҳмадсчаид Убайдуллоев дар шарҳи ин масъала чунин иброз намуд, ки бобати ин масъала бояд ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кард, то ба иваз намудани номҳои таърихии маҳаллаҳои аҳолинишин роҳ дода нашавад.




           

Ёдрас мекунем, ки дар замони шӯравӣ Аскар Замиров чанде намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон буда, вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Ишкошимро ба ӯҳда дошт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.