«Дизайн-2008» дар Душанбе

Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши III -уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008» оғоз гардид, ки то 19-уми сентябр идома хоҳад ёфт. Иштирокчиёнро вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо оғози фестивал табрику таҳният […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008» оғоз гардид, ки то 19-уми сентябр идома хоҳад ёфт.




Иштирокчиёнро вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо оғози фестивал табрику таҳният намуд. Сипас ба тамошобинон корҳо дар ду барнома – озмунӣ ва ғайриозмунӣ ё худ корҳои мутахассисон ва донишҷӯён пешкаш гардиданд.



Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи барномаи фестивал озмуни корҳои беҳтарин дар тарроҳиву ороиши сарулибос, дафтари корӣ, аксбардорӣ ва ороиши ҷавоҳирот низ доир мегарданд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмуни мӯд мутахассисон аз 8 то 12 ва донишҷӯён аз 3 то 5 кори худро пешкаш мекунанд ва дар ин озмун Тоҷикистонро ороишгарону чеварони шинохта Р.Шералиева, М.Ҳамроева, Н.Бекназаров ва Б.Эмомов намояндагӣ хоҳанд кард.



Котиби масъули лоиҳа Гамила Абдурауфова хабар медиҳад, ки барои иштирок дар фестивал 80 дархостнома қабул карда шудааст Интизор меравад, ки дар барномаҳои ғайриозмунӣ намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корҳои худро ба маърази тамошо мегузоранд. Озмуни асосӣ ва ниҳоии мӯд дар Маркази Вефа доир гашта, дар анҷоми он ғолибон муайян карда мешаванд.



Шоми имрӯз намоишгоҳи аксҳо ифтитоҳ гардида, ҳамчунин намоиши навъҳои сарулибоси тарроҳону ороишгарони Хуҷанд ва коллеҷи санъати ин шаҳр баргузор мегардад.



Фестивал аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон созмон дода шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.