Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкинро ба ҳузур пазируфт

 Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ “Азия-Плюс” – Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки чун сарвари ҳайати расмии ин давлат баҳри иштирок дар Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар вохўрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва […]

root



 Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ “Азия-Плюс” –

Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки чун сарвари ҳайати расмии ин давлат баҳри иштирок дар Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 

ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар вохўрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ва мавзўъҳои Форуми мазкур баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи махсус ба рафти иҷрои тавофуқоте зоҳир гардид, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи Росси Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон рўзи 29 августи соли равон

 

ба даст омада буд, аз ҷумла ба масоили ҳамкории бунёдии иқтисодии ду кишвар дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи газу нафт ва дигар канданиҳои фоиданок зоҳир гардид. Аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-1, ки то охири соли равон бояд ба анҷом расад, созишҳои дуҷониба оид ба сохтмони се нерўгоҳи миёнаиқтидори обии дигар дар ҳудуди Тоҷикистон ва аз омодагии ҷониби Россия баҳри иштирок дар сохтмони нерўгоҳи азими Роғун изҳори қаноатмандӣ карда шуд.



Рушди ҳамкориҳои илмӣ фарҳангӣ ва маърифатӣ низ аз мавзўъҳои сўҳбат буд. Мусоҳибон аз омодагии ҳарду ҷониб баҳри кушодани филиалҳои се муассисаи олии таълимии Россия дар Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карданд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

  

ба дарёфти роҳҳои наву судбахши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва техникию технологӣ муваффақ шуда, аз худ нақши муҳим мегузорад. Хотиррасон мекунем, ки Форуми мазкур пагоҳ дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба кори худ шурўъ намуда, ду рўз идома меёбад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.