Ифтитоҳи намоишгоҳи «Зерсохтори иқтисоди Тоҷикистон-2008»

Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –   Имрӯз дар «Кохи теннис»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи III -уми байнулмилалии «Зерсохтори иқтисоди Тоҷикистон-2008 ба кор шурӯъ мекунад, ки он то 20-уми сентябри идома хоҳад ёфт. Намоишгоҳ аз ҷониби ширкати ITECA Osiyo и I.T.E. E &C Ltd (Бритониёи Кабир) бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, вазоратҳои […]

Виктория Наумова


Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Имрӯз дар «Кохи теннис»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи


III


-уми байнулмилалии «Зерсохтори иқтисоди Тоҷикистон-2008 ба кор шурӯъ мекунад, ки он то 20-уми сентябри идома хоҳад ёфт. Намоишгоҳ аз ҷониби ширкати ITECA Osiyo и I.T.E.


E


&C Ltd (Бритониёи Кабир) бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, вазоратҳои энергетикаву саноат, нақлиёт ва коммуниктсия, рушди иқтисоду савдо, Саридораи геология ва Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати кишвар созмон дода шудааст.




Аз ширкати ITECA Osiyo и I.T.E.


E


&C Ltd ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намоишгоҳ бо таҳияи консепсияи махсус баҳри муттаҳид сохтани робитаҳои ҳамкории истеҳсолкунандагони таҷҳизот, трейдерон, таъминкунандагони молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ташкил гардидааст.



Дар намоишгоҳ ширкатҳо дастовардҳо ва навгониҳои худро дар бахшҳои мухталифи индустрия, аз ҷумла рушди зерсохтори иқтисод, фанновариҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, энергетика, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.



Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ молу маҳсулот асосан дар се самт ба тамошобинон пешкаш мегарданд – бахшҳои сохтмон, энергетикаву рӯшноидиҳӣ ва корҳои кӯҳӣ.



Дар бахши «Сохтмон» таҷҳизоти сантехника, дару тиреза, техникаи электрикӣ, нақлиётӣ ва масолеҳи сохтмону техникаи он, дар бахши «Энергетикаву рӯшноидиҳӣ» ва «Корҳои кӯҳӣ» таҷҳизоти электротехникӣ, насосҳову компрессорҳо, технологияҳои таъиноти ҳифзи табиат, мошинҳои борбардор, таҷҳизот аз гудохтаҳои дурушт ва ғайра намоиш дода хоҳад шуд.



Тибқи маълумоти сарчашма, дар намоишгоҳ молу маҳсулоти 16 ширкат аз 14 кишвари дунё, аз қабили Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Русия, Туркия ва давлатҳои дигар ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.






Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.