Хуҷанд. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон сарфи назар аз норасоии зарфҳои шишагӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот истеҳсоли консерваҳоро зиёд карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири корхонаи фаръии «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» Абдукарим Воҳидов дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон корхонаҳои коркарди меваю сабзавот 27 ҳазору 209 тонна маҳсулотро коркард намуданд ва аз он 51303 ҳазор банкаи шартии консерва тайёр карда шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 11 546 адад бештар аст.
Коршиносон афзоиши коркарди маҳсулотро ба ҳосили фаровони имсолаи зардолу нисбат медиҳанд. Дар қаламрави вилоят 12 корхонаи бузурги коркарди меваю сабзавот ва як қатор корхонаҳои хурд дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Исфара, Конибодом ва Ашт фаъолият доранд.
Мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Корхонаи консерваи Хуҷанд» Абдурабӣ Сангинов мегӯяд, ки ҳамаи корхонаҳо айни замон ба таъминот бо зарфҳои шишагӣ ниёз доранд. «Соли равон мо ба 1 млн. зарфи шишагии ғунҷоиши 2-литра ва 1 млн. зарфи 1-литра эҳтиёҷ дорем, вале танҳо каме бештар аз 1 млн. 400 ҳазор зарф гирифтаему халос, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, имкон надорем маҳсулоти зиёди воридшударо коркард намоем».
Мавсуф зикр кард, ки талабот ба чунин маҳсулот зиёд аст ва то моҳи январи соли оянда тоҷирон аз хориҷи кишвар онро мехаранд, вале, ба қавли ӯ, соли ҷорӣ маҳсулот басанда нест. Феълан 40 дарсади саҳмияҳои ҶСК «Корхонаи консерваи Хуҷанд» ба давлат таллуқ дошта, ба 60 дарсади он ширкати «Наво» (Душанбе) соҳиб аст.


