Президенти Бонки ҷаҳонӣ: Бонк дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ омода аст

root

Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Роберт Золлик мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он […]

Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Роберт Золлик мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имконоти истифода нашудаи ҳамкорӣ бо он алҳол хеле зиёданд.

Роберт Золлик аз имкони вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: – «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки зимистони шадиди гузашта ворид намуд, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад, пеш аз ҳама дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ».

Мусоҳибон оид ба ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, ҷалби сармоя ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерӯгоҳи Санобод дар вилояти Бадахшон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахши ин соҳа гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.

Татбиқи босамари лоиҳаи КАСА-1000, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар назар дорад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод гардид.

Зимни гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.