Дар Шӯрообод аз қочоқчиёни афғон 252 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар самти Шӯроободи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ду маротиба – рӯзҳои 16 ва 23-уми сентябри соли ҷорӣ аз кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя ба қаламрави ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар доданд. «Бо […]


Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар самти Шӯроободи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ду маротиба – рӯзҳои 16 ва 23-уми сентябри соли ҷорӣ аз кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя ба қаламрави ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар доданд.




«Бо истифода аз оташфишонӣ аз он сӯи марз қочоқчиёни афғон мехостанд ба Тоҷикистон беш аз 252 кило маводи мухаддирро ғайриқонунӣ интиқол диҳанд», – изҳор дошт манбаъ. Ба иттилои сарчашма, 30 килои маводи мухаддирро афюн ва 80 дарсади боқимондаи онро маводи мухаддири навъи ҳашиш ташкил медиҳад.



Зикр гардид, ки якчанд қочокчиёни афғон нобуд карда шудаанд ва феълан дар мавриди ошкор сохтани аъзои боқимондаи гурӯҳи қочоқбар корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ идома доранд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.