Роҳбари ширкати «Дурнамо» ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин мукофотҳои пулии ваъдагиро месупорад

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз роҳбари ширкати «Дурнамо» Абӯбакр Азизхоҷаев ба ҷоизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Пекин- 2008 аз Тоҷикистон – Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод) ва Расул Боқиев (дзюдо) мукофотҳои пулии ваъдагиро месупорад. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки А.Азизхоҷаев ба Ю.Абдусаломов 5 ҳазор ва ба Р.Боқиев […]


Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз роҳбари ширкати «Дурнамо» Абӯбакр Азизхоҷаев ба ҷоизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Пекин- 2008 аз Тоҷикистон – Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод) ва Расул Боқиев (дзюдо) мукофотҳои пулии ваъдагиро месупорад.




Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки А.Азизхоҷаев ба Ю.Абдусаломов 5 ҳазор ва ба Р.Боқиев 3 ҳазор доллари амрикоӣ мукофоти пулӣ месупорад.



Бино ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми маросими супурдани мукофот бо иштироки ҷоизадорони олимпиада нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.




Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи Пекин -2008 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят карданд. Инҳо – варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Сергей Бабиков (тирандозӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) мебошанд.





 





 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.