Таъсири бӯҳрони «AiRUnion» ба парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе

ВВС Persian.com

Душанбе. 25-уми сентябр – Садҳо нафар аз мусофирони тоҷик, ки билетҳои ширкати ҳавопаймоии «Домодедовские авиалинии»-ро дар даст доранд, аз ҷумъаи гузашта инҷониб наметавонанд ба Маскав парвоз кунанд. Гуфта мешавад, ки «Домодедовские авиалинии» парвозҳои худ ба Душанберо аз рӯзи ҷумъаи гузашта муттаваққиф сохта ва ҳоло беш аз 500 мусофири тоҷик, ки аз қабл билетҳои ин ширкатро […]


Душанбе. 25-уми сентябр – Садҳо нафар аз мусофирони тоҷик, ки билетҳои ширкати ҳавопаймоии «Домодедовские авиалинии»-ро дар даст доранд, аз ҷумъаи гузашта инҷониб наметавонанд ба Маскав парвоз кунанд.




Гуфта мешавад, ки «Домодедовские авиалинии» парвозҳои худ ба Душанберо аз рӯзи ҷумъаи гузашта муттаваққиф сохта ва ҳоло беш аз 500 мусофири тоҷик, ки аз қабл билетҳои ин ширкатро харидорӣ кардаанд, наметавонанд ба Маскав ва тақрибан ҳамин теъдод аз мусофирон аз Маскав ба Душанбе наметавонанд парвоз кунанд.



Тибқи иттилоъи расонаҳои гурӯҳии Русия, «Домодедовские авиалинии», ки бахше аз ширкати бузурги ҳавопаймоии «ЭйрЮнион» маҳсуб мешавад, тайи як моҳи ахир бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ шудааст.



Ҳамакнун бештари парвозҳои ин ширкат дар қаламрави Русия ва кишварҳои хориҷӣ мутаваққиф шуда ва ин хабар мояи нигаронии мақомоти ин кишвар шудааст.



Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, давлати Русия тасмим гирифтааст, бо истифода аз имконоти «ЭйрЮнион» як ширкати ҷадиди ҳавопаймоии давлатӣ таъсис бидиҳад.



Вале то ҳол маълум нест, ки дар мавриди ҷуброни хисорати молии афроде, ки аз қабл барои парвоз аз ин ширкат билет хариданд, чӣ тасмиме гирифта хоҳад шуд.



Дар масирҳои дохилии Русия парвози афроде, ки билетҳои «ЭйрЮнион»-ро харидорӣ кардаанд, дар бархе маворид аз тариқи ширкатҳои дигар сурат мегирад.



Вале ширкати русии «Домодедовские авиалинии», танҳо ширкати русӣ аст, ки аз Маскав ба Душанбе рӯзе як бор парвоз анҷом медиҳад.



Ширкатҳои «ТоҷикЭйр» ва «СомонЭйр»-и Тоҷикистон низ ҳамарӯза ба Маскав як борӣ парвоз анҷом медиҳанд, вале ин ширкатҳо омода набудаанд, ки мусофирони «Домодедовские авиалинии»-ро ба таври ройгон ба пойтахти Русия ва ё баръакс аз Маскав ба Душанбе интиқол бидиҳанд.



Неъматулло Соҳибов, як масъули бахши ҳавонавардӣ дар Вазорати ҳамлу нақл ва мухобироти Тоҷикистон мегуяд, ки ширкати «Домодедовские авиалинии» аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе бидеҳкор аст ва ба ин далел наметавонад то замони пардохти бидеҳиҳои худ ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом бидиҳад.



Вай афзуд, ки то ҳол ба ин муассиса аз номи мусофирон алайҳи ширкати «Домодедовские авиалинии» ҳеҷ шикояте ворид нашуда, вале ба ақидаи ӯ, ҳалли ин мушкил танҳо ба ӯҳдаи ин ширкати русӣ аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.