СММ аз кишварҳои мададрасон дархост кардааст, ки ба Тоҷикистон таъҷилан ба маблағи $34,7 млн. кӯмаки ғизоӣ расонанд

Виктория Наумова

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз агентии «Reuters» хабар додааст, ки   Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз кишварҳои мададрасон дархост кардааст, ба кишвари қашшоқтарини минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон таъҷилан ба маблағи $34,7 млн. кӯмаки ғизоӣ расонанд. Пешбинӣ мегардад, ки бо ин маблағ аз моҳи октябри соли 2008 то моҳи декабри соли 2009 то […]


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз агентии «Reuters» хабар додааст, ки

 

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз кишварҳои мададрасон дархост кардааст, ба кишвари қашшоқтарини минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон таъҷилан ба маблағи $34,7 млн. кӯмаки ғизоӣ расонанд.




Пешбинӣ мегардад, ки бо ин маблағ аз моҳи октябри соли 2008 то моҳи декабри соли 2009 то 800.000 нафар бо кӯмаки ғизоӣ фаро гирифта мешаванд.



Дар изҳороти махсуси СММ гуфта мешавад, ки ахиран бар асари коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рӯйи кор омадани бӯҳрони сартосарии ғизоӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 1,3 миллион нафар норасоии шадиди ғизо таҳдид мекунад.



Агентӣ хабар медиҳад, ки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз кам шудани истеҳсоли зироати ғалладона то 700 ҳазор тонна дар соли ҷорӣ иттилоъ додааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон 927,5 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, талаботи дохилӣ бошад, 1 млн. 200 ҳазор тонннаро ташкил медиҳад.



«Дар муддати 44 соли ахир соли равон Тоҷикистон зимистони хеле душвореро паси сар кард. Аз сардиҳои беҳад зиёд, ҳуҷуми малах ба киштзорон ва хушксолии имсола ба қисми зиёди аҳолии кишвар норасоии шадиди маводи ғизоӣ таҳдид мекунад», – гуфта мешавад дар изҳороти СММ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Апрели сершамол: пешгӯии обуҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?