Дар намоишгоҳи байнулмилалии «Тандурустӣ – DIHE 2008» дар шаҳри Душанбе намояндагони ҳудуди 30 ширкат аз 15 кишвари дунё иштирок мекунанд

Мавҷуда Ҳасанова

            Душанбе. 27-уми сентябр – Аз 7 то 9-уми октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи навбатии чаҳоруми байнулмилалии «Тандурустӣ – DIHE 2008» баргузор мешавад.             Намояндагони ширкати « ITECA Osiyo » (Бритониёи Кабир») ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар намоишгоҳ намояндагони ҳудуди 30 ширкат аз 15 кишвари дунё иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳ ширкату […]



           

Душанбе. 27-уми сентябр – Аз 7 то 9-уми октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи навбатии чаҳоруми байнулмилалии «Тандурустӣ –


DIHE


2008» баргузор мешавад.





           

Намояндагони ширкати «


ITECA




Osiyo


» (Бритониёи Кабир») ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар намоишгоҳ намояндагони ҳудуди 30 ширкат аз 15 кишвари дунё иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳ ширкату корхонаҳои давлатҳои Маҷористон, Белгия, Эрон, Русия, Украина, Шветсия, Арманистон, Ҷопон, Олмон, Белорус, Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ аз ҷониби ширкати намоишгоҳҳои Бритониёи Кабир «


ITECA




Osiyo


и


I


.


T


.


E


.

 



E


&


C




Ltd


» созмон дода шуда, дар он бори нахуст ширкатҳои Чин иштирок мекунанд.



Дар намоишгоҳ ҳама гуна тамоили муосири рушди соҳаи тандурустӣ таҷассум гардида, он бо мақсади мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ, ҷорисозии технологияи нав, дастоврдҳои тозаи илмии тиббӣ ва таъмини бозор бо доруворӣ гузаронида мешавад. Намоишгоҳ табибони та


ҷ


рибакунандаро бо технологияи нав дар соҳаи тандуруст


ӣ


, инчунин бо дорувор


ӣ


ва асбоҳои нави тибб


ӣ


ошно менамояд.




           

Мувофиқи пешгӯии созмондиҳандагон, намоишгоҳ ҳудуди 4 ҳазор намояндаи соҳаи тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дурро сарҷамъ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки ин намоишгоҳ дар ҷомеа ва дар байни мутахассисону коршиносони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нуфузу ҷойгоҳи муҳимеро касб кардааст. Соли гузашта дар кори намоишгоҳ 35 ширкат аз 18 кишвари дунё иштирок карданд.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.