Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷумҳуриявии «Сайёҳӣ дар Тоҷикистон» ифтитоҳ мегардад, ки дар кори он беш аз 130 ширкатҳои сайёҳӣ аз Қазоқистон, Туркия, Покистон ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мумтақил (ИДМ) иштирок мекунанд.
Сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Музаффар Бегматов дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур пас аз танаффуси сесола бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии Барномаи давлатии «Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон то соли 2014» баргузор мешавад. «Ҳадаф аз баргузории ярмарка – мусоидат кардан ба рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон аст ва мо ният дорем, акнун чунин чорабиниҳоро ҳамасола дар сатҳи байнулмилалӣ доир созем», – гуфт ӯ.
Тамошобинони ярмарка имкон доранд, аз гӯшаҳои «Корхонаҳои миллии сайёҳӣ», «Агентҳои сафару сайёҳӣ», «Кӯҳнавардӣ», «Экосайёҳӣ», «Сафарҳои шиносоӣ», «Сайёҳии пиёдаи кӯҳӣ», «Сайёҳии фарҳангиву таърихӣ», «Сайёҳии мардумшиносӣ (этнографӣ)» ва «Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо» барои худ маводи ҷолиб ва маълумоти зарурӣ дарёфт кунанд.
Тибқи маълумоти кумита, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 150 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон боздид кардаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 134 ширкату муассисаҳо иҷзатномаи ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи сайёҳиро доро мебошанд ва ин дар ҳолест, ки шумораи чунин ширкатҳо соли 2000 ҳамагӣ ба 20 адад мерасид.
Дар ҳошияи чорабиниҳои ярмарка Ҳамоиши коршиносони бахши сайёҳии кишварҳои узви Машварат оид ба ҳамкории мутақобила ва чораҳои эътимод дар Осиё баргузор мегардад, ки Тоҷикистон низ аъзои он аст. Қобили зикр аст, ки ба ҳайати машварати мазкур Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Муғулистон, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Фаластин, Ҷумҳурии Корея, Русия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия ва Ӯзбекситон шомил мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти раҳбарияти созмонҳои мададрасон (июни соли 2008) Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи рушди сайёҳӣ миёни 124 кишвари дунё мақоми 110-умро ишғол мекунад. Ба иттилои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, сарфи назар аз ин, соли 2007 дар Тоҷикистон даромад аз бахши сайёҳӣ 60 дарсадро ташкил додааст.


