USAID ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ташкили модели минтақавии интиқоли барқ ёрӣ мерасонад

Далер Ғуфронов

Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни мулоқот дар шаҳри Остона намояндагони ширкатҳои энергетикии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ташкил кардани модели минтақавии интиқоли барқро, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба рушди байнулмилалӣ ( USAID ) таҳия сохтааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, […]


Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни мулоқот дар шаҳри Остона намояндагони ширкатҳои энергетикии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ташкил кардани модели минтақавии интиқоли барқро, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба рушди байнулмилалӣ (


USAID


) таҳия сохтааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.




Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мулоқот бо ташаббуси лоиҳаи агентӣ оид ба ташкили модели минтақавии шабакаҳои интиқоли барқ (CARTRANS), ки аз ҷониби Асссосиатсияи энергетикии ИМА амалӣ мешавад, баргузор шуд.



Ба иттилои манбаъ, ташкили модели минтақавии компютерии шабакаҳои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба кишварҳои минтақа имкон хоҳад дод, ки танзими истифодаи нерӯи барқ дар байни кишварҳо ва талафоти онро самаранок ба роҳ монанд.



USAID


ба сифати иқдоми нахустин ба ширкатҳои энергетикии кишварҳо таъминоти барномавии махсуси компютерӣ тақдим карда, ҷиҳати таҳияи модели миллии низоми интиқоли барқ кӯмак намуд.



Зикр гардид, ки барномаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо ширкатҳои Афғонистону Туркманистон рӯйи кор омадааст. «Моделҳои миллии низоми интиқоли барқи кишварҳо

 

минбаъд ба модели минтақавӣ муттаҳид гашта, имкону шароит фароҳам месозанд, ки талаботи минтақаи Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ то соли 2013 ба нақша гирифта шавад», – афзуд сарчашма.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.