Ҳ.Умаров: Агар ҳукумат чораҳои муассир наандешад, ахири сол мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 50 дарсад баробар хоҳад шуд

Пайрав Чоршанбиев

            Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шарҳи маълумоти Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба қайд гирифтани мизони баландтарини таваррум дар Тоҷикистон ба андозаи 30,7 дарсад миёни кишварҳои узви ин иттиҳод, доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «агар ҳукумат дар ин самт чораҳои […]



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шарҳи маълумоти Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба қайд гирифтани мизони баландтарини таваррум дар Тоҷикистон ба андозаи 30,7 дарсад миёни кишварҳои узви ин иттиҳод, доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «агар ҳукумат дар ин самт чораҳои муассир наандешад, ахири сол мизони таваррум дар То


ҷ


икистон ба 50 дарсад баробар хоҳад шуд».





           



Тибқи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон суръати таваррум дар бахши истеъмолӣ 11,9 дарсадро ташкил додааст.




           

«Маълумоти овардаи Кумитаи омори ИДМ нисбатан боварибахшанд, зеро вазъи кунунии бахши истеъмолии моро воқеъбинонатар нишон медиҳанд», – гуфт профессор.




           

Ҳ.Умаров таъкид сохт, ки яке аз чораҳои нигаҳдории сатҳи болоравии таваррум ҷорисозии иқдомоти ҳавасмандагардонӣ барои тавлидкунандагони молҳои истеъмолӣ аст, яъне роҳандозии имтиёзҳо дар андозситонӣ, маблағҷудокунӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра.




           

Профессор бар ин назар аст, ки 200 млн. сомонӣ профитсити буҷаро мебояд ба маблағдиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ равона сохт, то ба беҳшавии вазъи бахши истеъмолии кишвыар мусоидат намояд.




           

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ суръати таваррумро дар мизони 8 дарсад нигоҳ доштанӣ буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ чунин вазъ ба амал омада буд – пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба сатҳи таваррум амалӣ нагашта, он ба ҷои мизони 7 дарсади барои соли 2007 пешбинишуда ба 19,2 дарсад баробар шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.