Ба КВД «Мубориза бар зидди малах» ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ таҷҳизоту техникаи иловагӣ супурда шуд

Мавҷуда Ҳасанова

            Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мубориза бар зидди малах» ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ таҷҳизоту техникаи иловагӣ супурда шуд.             Чӣ тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, таҷҳизоту техникаи мазкур қаблан ба КВД ҳифзи рустаниҳо тааллуқ дошт. […]



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мубориза бар зидди малах» ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ таҷҳизоту техникаи иловагӣ супурда шуд.





           

Чӣ тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, таҷҳизоту техникаи мазкур қаблан ба КВД ҳифзи рустаниҳо тааллуқ дошт.




           

Бино ба иттилои манбаъ, таҷҳизоту техника аз 8 трактори МТЗ-82, ду мошини боркаши УАЗ, 660 адад таҷҳизоти паҳнкунии заҳрҳо, 50 ҷуфт сарулибоси махсус ва 14 хайма (палатка) иборат аст. «Таҷхизоту техникаи мазкур ба минтақаҳое, ки дар он ҷо эҳтимолияти ҳуҷуми малах бештар мавҷуд аст, тақсим карда мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, феълан КВД «Мубориза бар зидди малах» дорои 17 трактори МТЗ-82, 2 мошини боркаши УАЗ ва 6 таҷҳизоти паҳнкунии заҳри навъи ОВХ-28 аст.





 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.