Дар Бишкек Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС иштирок хоҳад кард

Аваз Юлдошев

            Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзҳои 9-10-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.             Аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқоти сарони […]



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзҳои 9-10-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.





           

Аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои узви ИДМ ба масъалаи рушди ҳамкориҳои коммуникатсионӣ ва нақлиёт таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.




           

Ғайр аз ин, дар назар аст, ки соҳаи энергетика чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо муайян карда шуда, соли 2009 – Соли ҷавонон дар ИДМ эълон гардад.




           

Зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС масоили ҳамгиройии минбаъдаи иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.




           

«Дар доираи сафари дурӯза Э.Раҳмон инчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ ва ЕврАзЭС дидору гуфтушунид хоҳад кард», – афзуд манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.