Дар Душанбе натиҷаҳо ва дурнамои раванди татбиқи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ баррасӣ мешаванд

Мавҷуда Ҳасанова

            Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари ҷумҳуриявии «Нақши татбиқи лоиҳаҳои тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ» ба кор шурӯъ кард.             Аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар кори семинар кормандони дастгоҳи марказии вазорати тандурустӣ, намояндагони раёсатҳои тандурустии вилоят, роҳбарони беморхонаҳои марказӣ ва […]



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари ҷумҳуриявии «Нақши татбиқи лоиҳаҳои тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ» ба кор шурӯъ кард.





           

Аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар кори семинар кормандони дастгоҳи марказии вазорати тандурустӣ, намояндагони раёсатҳои тандурустии вилоят, роҳбарони беморхонаҳои марказӣ ва муассисаҳои тиббии расонидани кӯмаки аввалияи тиббии ноҳияҳои озмоишӣ, ки лоиҳаҳои тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ дар он ҷо амалӣ мегарданд, иштирок мекунанд.




           

Ба иттилои манбаъ, дар семинар инчунин масоили расидан ба аҳдофи роҳандозии фаъолияти соҳаи тандурустӣ, нақши татбиқи амалии лоиҳаҳои тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ, низоми иттилоотӣ чун қисми муҳими ислоҳоти хоҷагиву молиявӣ, молиягузории фардии табобати беморон, барқарорсозӣ ва таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва роҳҳои бартараф сохтани мушкилоти мавҷудаи пизишкони оилавӣ низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.