Дар Тоҷикистон Барномаи миллии ҳифзи солимии равонии аҳолӣ таҳия мегардад

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон Барномаи миллии ҳифзи солимии равонии аҳолӣ таҳия мегардад. Аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бо ин мақсад дар вазорат бо дастгирии Созмони ҷаҳонии беҳдошт гурӯҳи кории байнисоҳавӣ барои таҳияи барномаи миллӣ таъсис дода шуд. Тоҷикистон ба сафи 41 кишвари дунё, ки сиёсати давлатии […]


Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон Барномаи миллии ҳифзи солимии равонии аҳолӣ таҳия мегардад.




Аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бо ин мақсад дар вазорат бо дастгирии Созмони ҷаҳонии беҳдошт гурӯҳи кории байнисоҳавӣ барои таҳияи барномаи миллӣ таъсис дода шуд.



Тоҷикистон ба сафи 41 кишвари дунё, ки сиёсати давлатии ташаккулёфта нисбат ба бемориҳои равониро доро нестанд, дохил мешавад. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули ҳарчи зудтари чунин барнома заруру саривақтӣ аст.



Тибқи маълумоти пизишкон, айни замон дар ҷаҳон аз шумораи умумии беморон 10 дарсадро гирифторони беморони равонӣ ташкил медиҳанд ва аз эҳтимол дур нест, ки соли 2020 ин рақам ба 15 дарсад бирасад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт имрӯз дар дунё беш аз 450 млн. нафар ба бемориҳои равонӣ гирифторанд.



Аз рӯзи 3-уми октябр дар Тоҷикистон ҳафтаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи бемориҳои равонӣ оғоз гардид ва он рӯзи 10-уми октябр бо баргузории форум оид ба ин масъала анҷом меёбад, ки дар он масоили стигмакунонӣ, табъиз ва зӯран махфикунонии беморони равонӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.



Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 17 муассисаи табобати бемориҳои равонӣ амал мекунанд, ки дар он 42 ҳазор нафар маризон сабти ном шудаанд. Барои ғизо ва бо доруворӣ таъмин кардани чунин беморон дар як рӯз 6 сомонӣ (камтар аз 2 доллар) маблағ ҷудо карда мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.