Кумитаи омори ИДМ: Мизони баландтарини таваррум дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд

Пайрав Чоршанбиев

            Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мизони баландтарини таваррум – 30,7 дарсад дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин хусус дар хабарномаи «Омори ИДМ», ки Кумитаи омори иттиҳод чанде қабл ба табъ расонидааст, иттилоъ дода мешавад.             Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, сатҳи таваррум дар Украина […]



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мизони баландтарини таваррум – 30,7 дарсад дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин хусус дар хабарномаи «Омори ИДМ», ки Кумитаи омори иттиҳод чанде қабл ба табъ расонидааст, иттилоъ дода мешавад.





           

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, сатҳи таваррум дар Украина – 26,4, Қазоқистон – 19,4, Белорус – 14,8, Молдова – 14,7, Русия – 14,1 ва Арманистон – 9,5 дарсадро ташкил додааст.




           

Тибқи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон суръати таваррум дар бахши истеъмолӣ 11,9 дарсадро ташкил додааст.




           

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ суръати таваррумро дар мизони 8 дарсад нигоҳ доштанӣ буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ чунин вазъ ба амал омада буд – пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба сатҳи таваррум амалӣ нагашта, он ба ҷои мизони 7 дарсади барои соли 2007 пешбинишуда ба 19,2 дарсад баробар шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.