КВД «Хӯрокворӣ» даст доштан дар плагиат ва даъвои ширкати русиягии «Балтика»-ро рад мекунад

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Пивоваренная компания «Балтика» аз болои Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хӯрокворӣ»-и Тоҷикистон нисбат ба истифодаи технологияи ин ширкат дар тайёр кардан ва тарзи ороиши шишаи он дар истеҳсоли пивои «Арал» дар Тоҷикистон даъво кардааст, ки ҳуқуқи муаллифии ширкат поймол карда шуданд. Дар иттилоияи ҶСК «Балтика» гуфта […]


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Пивоваренная компания «Балтика» аз болои Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хӯрокворӣ»-и Тоҷикистон нисбат ба истифодаи технологияи ин ширкат дар тайёр кардан ва тарзи ороиши шишаи он дар истеҳсоли пивои «Арал» дар Тоҷикистон даъво кардааст, ки ҳуқуқи муаллифии ширкат поймол карда шуданд. Дар иттилоияи ҶСК «Балтика» гуфта мешавад, ки унвонии корхонаи Тоҷикистон мактуб ирсол гардида, талаб карда шудааст, ки аз истифодаи ғайриқонунии моликияти зеҳнӣ даст кашанд ва агар ба ин кор хотима дода нашавад, ширкат ба додгоҳ аризаи даъвогӣ пешниҳод хоҳад намуд.




Дар ҳамин ҳол, муовини директории генералии КВД «Хӯрокворӣ» Абдураззоқ Маҷидов гирифтани мактубро тасдиқ намуда, таъкид сохт, ки воқеан ҳам шакли шиша ва нишони пивои «Арал»-и истеҳсоли Тоҷикистон ба пивои «Балтика»-и ширкати Русия шабоҳат дорад, аммо корхонае, ки ин нӯшокиро истеҳсол мекунад, ба КВД «Хӯрокворӣ» ҳеҷ муносибате надорад.



«Пивои «Арал» дар корхонаи хусусии «Охунов»-и шаҳри Хуҷанд истеҳсол мешавад ва мо дар номаи ҷавобӣ ба ширкати «Балтика» тавсия додем, ки ба ин ширкат муроҷиат намояд», – гуфт А.Маҷидов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.