Ду нафар донишҷӯдухтарони тоҷик донандаи беҳтарини таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин эътироф шуданд

Мавҷуда Ҳасанова

              Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар донишҷӯдухтарони тоҷик – донишҷӯи Донишгоҳи Пекин Манижа Сайфуллоева ва донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирӯза Ғаниева донандаи беҳтарини таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин эътироф шуданд.             Аз сафорати Тоҷикистон дар Чин ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки онҳо дар озмуни чанде қабл эълонннамудаи сафорат дар ин мавзӯъ […]

 



           

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар донишҷӯдухтарони тоҷик – донишҷӯи Донишгоҳи Пекин Манижа Сайфуллоева ва донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирӯза Ғаниева донандаи беҳтарини таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин эътироф шуданд.





           

Аз сафорати Тоҷикистон дар Чин ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки онҳо дар озмуни чанде қабл эълонннамудаи сафорат дар ин мавзӯъ ғолиб дониста шудаанд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмун ҳудуди 30 нафар ширкат варзида, ба 15 суоли пешниҳодшуда дар мавзӯи таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин назари худро иброз доштаанд. Ҳамчунин довталабон дар мавзӯи «Нақши ман дар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Чин» иншои начандон бузурге низ навиштанд.



Зикр гардид, ки сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов дар ҳузури донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Чин таҳсил мекунанд, ба Манижа Сайфуллоев тӯҳфаи арзишманди хотиравӣ тақдим намуд. Тӯҳфаи Фирӯза Ғаниева ба Тоҷикистон фиристода шуд.



Қобили зикр аст, ки дар давоми 15 сол шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон дар Чин 12 маротиба афзудааст ва ин гувоҳи густариши ҳамаҷонибаи муносиботи кишварҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.