Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба Бишкек меравад

Аваз Юлдошев

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки пагоҳ баргузор мешавад, ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек меравад. Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласа баррасии 21 санад дар назар аст. […]



Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки пагоҳ баргузор мешавад, ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек меравад.






Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласа баррасии 21 санад дар назар аст. Дар музокирот ба масъалаи таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 ва бастаи асноди Консепсияи рушди минбаъдаи иттиҳод таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.




Ғайр аз ин, дар назар аст, ки сарони кишварҳо инчунин масъалаи соҳаи энергетикаро чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соли 2009 муайян кардан ва бо пешниҳоди Белорус соли 2009 – ро

 

Соли ҷавонон дар ИДМ эълон карданро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Бино ба иттилои манбаъ, сарварони давлатҳои узви иттиҳод атрофи масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қабули қарор дар бораи таъсиси медали ягонаи «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» низ ибрози назар хоҳанд намуд.



Дар нимаи дуввуми рӯзи 10-уми октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) доир мегардад. Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд. Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таҳти раисии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузашт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.