Кишоварзони ҷумҳурӣ 90 дарсади зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ карданд

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони ҷумҳурӣ 90 дарсади зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ карданд. Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз дар кишвар 405 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуда, 360 ҳазор тоннаи он гандум мебошад ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта гандуми ҷамъовардаи деҳқонон ба […]


Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони ҷумҳурӣ 90 дарсади зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ карданд.




Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз дар кишвар 405 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуда, 360 ҳазор тоннаи он гандум мебошад ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта гандуми ҷамъовардаи деҳқонон ба 298,5 тонна баробар буд.



Тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли равон ҳосилнокии зироати ғалладона 18,7 сентнерро аз як гектар ташкил додааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳосили имсола 60-70 дарсади талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ месозад.



Ёдрас мекунем, ки соли ҷорӣ зироати ғалладлона дар майдони беш аз 292 ҳазор гектар кишт шуда, 220 ҳазору 389 гектари онро гандум ташкил медод.





 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.