Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 5 млрд. сомонӣ 51 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад

            Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 5,19 млрд. сомонӣ 51 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад.             Тавре аз Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз барои ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ бо кишварҳои дигар 21 созишнома таҳия ва пешниҳод шудааст, ки минбаъд аз […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 5,19 млрд. сомонӣ 51 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад.





           

Тавре аз Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз барои ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ бо кишварҳои дигар 21 созишнома таҳия ва пешниҳод шудааст, ки минбаъд аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.




           

Ба иттилои манбаъ, соли 2008 тибқи маълумоти пешакӣ, маблағи сармоягузории мустақими хориҷӣ 3 млрд. 236 млн. сомониро ташкил додааст. «Мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи субъектҳои сабтшудаи соҳибкории хурду миёна дар соли 2008 ба беш аз 16,3 ҳазор баробар шуда, дар ин давра маблағи умумии фрӯши мол ва хизматрасонӣ 965,4 млн. сомониро ташкил додааст», – гуфт манбаъ аз кумитаи мазкур.




           

Ғайр аз ин, соли гузашта аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 24,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гаштааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2007 ба андозаи 923 ҳазор сомонӣ ё худ 104 дарсад бештар аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов