Дар кони «Комсомол» корҳои пармакунии чоҳи иктишофӣ оғоз гардиданд

Виктория Наумова



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар кони «Комсомоли»-и воқеъ дар маҳаллаи Лучоб ширкати


Tethys




корҳои пармакунии чоҳи иктишофиро оғоз кард.





           

Дар маросими расмии оғози корҳо нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва

 

президенти ширкати


Tethys




Petroleum




Limited




Дэвид Робсон иштирок карданд.




           

Ба гуфтаи Д.Робсон, корҳои пармакунӣ дар чоҳ тахминан пас аз ду моҳ ба анҷом мерасанд. «Агар пас аз пармакунии чоҳ натиҷаҳои қаноатбахш ба даст оварда шаванд, корҳои пармакунии чоҳи дуввум шурӯъ гардида, умедворем, ки зимистони соли равон истихроҷи газ дар чоҳи аввал оғоз мегардад», – гуфт ӯ.




           

Раиси ширкат ҳамчунин гуфт, тибқи маълумоти ширкатҳои мустақил, захираи газ дар қисмати шарқии кони «Комсомол» то 2 млрд. метри мукааб мерасад. «Ин миқдор ҳарчанд он қадр зиёд набошад ҳам, вале барои таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо гази худӣ кофӣ аст ва ба назари ман, ояндаи наздик аҳолии пойтахт дигар аз норасоии газ мушкилӣ нахоҳад дошт», – афзуд Д.Робсон.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.