Дар рейтинги ФИФА мақоми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон боз 7 зина поин рафт

            Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар рейтинги имрӯз интишоршудаи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон боз 7 зина поин рафта, мақоми 155-умро ишғол менамояд.             Тайи моҳи гузашта рейтинги дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ 31 балл коҳиш ёфта, айни замон 116 баллро ташкил медиҳад. Дар рейтинг дастаҳои футболи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар рейтинги имрӯз интишоршудаи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон боз 7 зина поин рафта, мақоми 155-умро ишғол менамояд.





           

Тайи моҳи гузашта рейтинги дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ 31 балл коҳиш ёфта, айни замон 116 баллро ташкил медиҳад. Дар рейтинг дастаҳои футболи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷойҳои зерин ҷойгир шудаанд: Қазоқистон – мақоми 130-юм, Ӯзбекистон – макоми 79-ум, Қирғизистон – макоми 160-ум ва Туркманистон – мақоми 145-ум.




           

Мақоми аввалро дастаи Бразилия ишғол карда, пас аз он дастаҳои Испания, Ҳолланд, Олмон, Италия, Русия, Аргентина, Фаронса ва Хорватия ҷойгир шудаанд.




           

Дар рейтинг натиҷаҳои фаъолияти 203 дастаи мунтахаби футболи кишварҳои ҷаҳон таҳлил мегарданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.