Нахуствазири ҷумҳурӣ бо ҷараёни корҳои иктишофии геологӣ дар майдони Сариқамиш аз наздик ошно гардид

Виктория Наумова



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои иктишофиву геологӣ дар майдони нафтугаздори Сариқамиш, ки дар қаламрави ноҳияи Шаҳринав воқеъ аст, аз наздик ошно гардид. Айни замон ин корҳоро дар майдони мазкур корхонаи фаръии ҶСК «Газпром»-и Русия – ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» ба иҷро расонида истодааст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» дар ҶТ Екатерина Кожевникова иттилоъ дод, дар ҷараёни сафар ҳайати ҳукумати ҶТ аз қароргоҳи коргарон боздид намуда, бо зерсохтор ва шароити маишии коргарон ва ҳамчунин рафти корҳо аз наздик шинос шуд. «Мақомоти раҳбарии ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» ва мутахассиони корхонаи пудратӣ – ҶСК «Саратовнефтегеофизика» ба нахуствазир ва аъзои ҳукумат оид ба рафти иҷрои корҳо маълумот дода, изҳор доштанд, ки татбиқи лоиҳа ба марҳилаи суръатнок гузашт», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, дар майдони корҳо қароргоҳи саҳроӣ ташкил гардидааст, ки ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ аст. «Қароргоҳи саҳроӣ аз 2 вагон-хонаи дорои насимафкани гарму сард, 2 вагони шустушӯйӣ, вагони шустушӯйи сарулибос, 2 вагон-ошхона, 3 нерӯгоҳи пуриқтидори дизелӣ иборат буда, 45 адад техникаи махсуси автомобилӣ, аз ҷумла 7 дастгоҳи пармакунӣ ба ихтиёри мутахассисон гузошта шудааст», – изҳор дошт Е.Кожевникова.




           

Номбурда ҳамчунин гуфт, то имрӯз 20 дарсади корҳои пешбинишуда ба иҷро расида, дар майдони кор 120 нафар машғули коранд, ки 65 дарсади онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. «Дар ҷараёни мулоқот бо мақомоти раҳбарӣ ва коргарон нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов лоиҳаи мазкурро барои кишвар афзалиятнок арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки он аз ҷониби ҳукумат ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад ёфт», – афзуд сухангӯи ҶСК «Газпром зарубежнефтегаз».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.