Гӯштингирони навраси тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини тарзи юнониву румӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд

            Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини тарзи юнонию румӣ дар Ҳиндустон дастаи Тоҷикистон соҳиби ду медали биринҷӣ гардид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ду гӯштингири навраси тоҷик – Манучеҳр Аллаев дар вазни то 76 […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини тарзи юнонию румӣ дар Ҳиндустон дастаи Тоҷикистон соҳиби ду медали биринҷӣ гардид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ду гӯштингири навраси тоҷик – Манучеҳр Аллаев дар вазни то 76 кило ва Аббос Икромов дар вазни то 81 кило сазовори мақоми саввум дар қораи Осиё шуданд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин гӯштингирони навраси тоҷик – Оятулло Мӯҳтоҷов (вазни 58 кило) ва Акмал Шоҳраҷабов (вазни 69 кило) ба қатори панҷгонаи беҳтарини гӯштингирон шомил гардиданд.




           

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини тарзи юнонию румӣ дар Ҳиндустон намояндагони 20 кишвар ширкат варзиданд.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.