Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагони бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ стратегияи мусоидат ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд

            Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон Кяра Бронка бо намояндагони бахши иқтисоди ҳукумати ҶТ баргузор шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ иттилоъ доданд, мулоқот ҷиҳати баррасии лоиҳаи Стратегияи мусоидат ба Тоҷикистон аз […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон Кяра Бронка бо намояндагони бахши иқтисоди ҳукумати ҶТ баргузор шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ иттилоъ доданд, мулоқот ҷиҳати баррасии лоиҳаи Стратегияи мусоидат ба Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар муддати се соли оянда бо назардошти самтҳои афзалиятнок дар Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва Стратегияии Милли рушд сурат гирифт. «Ҷонибҳо атрофи масъалаи зарурати сабук кардани таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба ҷумҳурӣ табодули афкор намуданд», – таъкид сохтанд дар вазорат.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон сармушовири президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев, вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Шукурҷон Зуҳуров, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умеди Давлатзод ва дигар роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.