Барқи тоҷик: Маҳдудият дар истифодаи неруи барқ ҳанӯз барканор карда намешавад

Аваз Юлдошев

Душанбе. 7 апрел. «Азия-Плюс» – | Сатҳи об дар обанбори бузургтарин НОБ-и Тоҷикистон – Норак имрӯз 856 метру 88 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин аз нишондиҳандаи камтарин поин аст, иттило медиҳад котиби матбуотии ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба қавли ӯ рузи чоршанбе, 6 апрел, маҷрои оби рӯди Вахш 250 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод дар ҳоле, ки ин нишондод соли сипаригашта дар моҳи апрел баробар ба 440 метри мукааб буд.

Бар тибқи маълумоти Ёдгорӣ кам шудани об дар дарёҳо соли равон дар тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.

«Мувофиқи иттилое, ки аз энергетикони қирғиз ба мо расид маҷрои оби рӯди Нарин, ки дар он як қатор неругоҳҳои гидроэнергетикӣ сохта шудаанд рӯзи чоршанбе 282 метри мукаабро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар ҳамин вақти соли сипаригашта ба 384 метри мукааб баробар буд», -афзуд Ёдгорӣ.

Дар ин асно намояндаи «Барқи тоҷик» иброз дошт, ки дар вазъи ба миён омада дар хусуси бекор кардани лимити барқ сухан гуфтан номумкин аст. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки маҳдудият шадидтар намегардад.

Ба гуфтаи Ёдгорӣ мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон шурӯъ аз 10 апрел дар болооби рӯди Вахш поёншавии ҳарорати ҳаво дар назар аст, ки чунин вазъ то 16 апрел давом хоҳад ёфт.

«Ахиран дар шаҳри Душанбе ҳарорати максималии ҳаво 22 дараҷа гарм буд ва дар Ғарм ҳарорат рӯзона 7 дараҷа гармиро ташкил медод. Шаб дар ин минтақа ҳануз яхбандӣ мушоҳида мешавад. Дар ҳолати обшавии босуръати барф дар болооби рӯди Вахш оби он дар муддати чор-панҷ рӯз ба Норак мерасад », – изҳор дошт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.