Барқи тоҷик: Маҳдудият дар истифодаи неруи барқ ҳанӯз барканор карда намешавад

Душанбе. 7 апрел. «Азия-Плюс» – | Сатҳи об дар обанбори бузургтарин НОБ-и Тоҷикистон – Норак имрӯз 856 метру 88 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин аз нишондиҳандаи камтарин поин аст, иттило медиҳад котиби матбуотии ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ. Ба қавли ӯ рузи чоршанбе, 6 апрел, маҷрои оби рӯди Вахш 250 метри мукааб дар як […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 7 апрел. «Азия-Плюс» – | Сатҳи об дар обанбори бузургтарин НОБ-и Тоҷикистон – Норак имрӯз 856 метру 88 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин аз нишондиҳандаи камтарин поин аст, иттило медиҳад котиби матбуотии ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба қавли ӯ рузи чоршанбе, 6 апрел, маҷрои оби рӯди Вахш 250 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод дар ҳоле, ки ин нишондод соли сипаригашта дар моҳи апрел баробар ба 440 метри мукааб буд.

Бар тибқи маълумоти Ёдгорӣ кам шудани об дар дарёҳо соли равон дар тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.

«Мувофиқи иттилое, ки аз энергетикони қирғиз ба мо расид маҷрои оби рӯди Нарин, ки дар он як қатор неругоҳҳои гидроэнергетикӣ сохта шудаанд рӯзи чоршанбе 282 метри мукаабро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар ҳамин вақти соли сипаригашта ба 384 метри мукааб баробар буд», -афзуд Ёдгорӣ.

Дар ин асно намояндаи «Барқи тоҷик» иброз дошт, ки дар вазъи ба миён омада дар хусуси бекор кардани лимити барқ сухан гуфтан номумкин аст. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки маҳдудият шадидтар намегардад.

Ба гуфтаи Ёдгорӣ мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон шурӯъ аз 10 апрел дар болооби рӯди Вахш поёншавии ҳарорати ҳаво дар назар аст, ки чунин вазъ то 16 апрел давом хоҳад ёфт.

«Ахиран дар шаҳри Душанбе ҳарорати максималии ҳаво 22 дараҷа гарм буд ва дар Ғарм ҳарорат рӯзона 7 дараҷа гармиро ташкил медод. Шаб дар ин минтақа ҳануз яхбандӣ мушоҳида мешавад. Дар ҳолати обшавии босуръати барф дар болооби рӯди Вахш оби он дар муддати чор-панҷ рӯз ба Норак мерасад », – изҳор дошт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.