Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Тошканд сафар кард

Аваз Юлдошев

Дашенбе. 7-ми апрел. «Азия-Плюс» – | Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамрохон Зарифӣ субҳи имруз ба  Ҷумҳурии Узбекистон сафар кард.  Вазир дар вохӯрии вазирони  «сегонаи» ИА – Осиёи Марказӣ, ки интизор аст имруз дар Тошканд  баргузор гардад, ширкат  меварзад.

Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии вазорат хабар доданд, нақша аст дар баробари ширкат дар чорабинии зикршуда Зарифӣ инчунин вохӯрии дуҷониба бо вазири корҳои хориҷаи Маҷористон, ҷаноб Янош Мартонӣ баргузор намояд. Маврид ба зикр аст, ки Маҷористон давлатест,ки дар нимсолаи аввали соли 2011 дар ИА вазифаи раисиро ба душ дорад.

«Дар рафти вохури дар Тошканд нақша аст дурнамои рушди муносиботи ИА ва давлатҳои  манотиқи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи амалисозии Стратегияи нави мушорикати ИА бо Осиёи Марказӣ ва  инчунин масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва  манотиқи дар бахши энергетика, муҳити зист, истифодаи манобеи обӣ, таъмини бехатарии марз ва мубориза бо маводи мухаддар баррасӣ шаванд», – хабар медиҳад ВКХ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.