Дар Тоҷикистон талоқ ба воситаи СМС бекор карда мешавад

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Мардони тоҷик аз додани талоқ ба ҳамсаронашон таввасути СМС хабар маҳрум мешаванд.

Раиси Кумитаи дини назди президенти кишвар Абдураҳим Холиқов андеша дорад, ки таввасути СМС – хабар талоқ додану аз ҳампошии оила амали ғайримантиқӣ, беақлона ва ноҷост, ки муқобили қавоини давлат ва шариат баромад мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, бо пешниҳоди Кумита масъалаи мазкур дар Шӯрои уламои Тоҷикистон баррасӣ гашт.

«Оила муқаддас шуморида мешавад ва онро таввасути телефон хароб кардан мумкин нест,- мегӯяд Холиқов.- Ман боварӣ дорам, ки Шӯрои улламо, ки мақомоти волои мусалмонони кишвар маҳсуб мегардад, дар ин масъала қарори дурусте мебарорад».

Ба гуфтаи сарвари Донишкадаи Исломии Тоҷикистон Умаралӣ Назаров талоқ дар Шариат бадтарин ҳалол маҳсуб мегардад.

«Ман андеша дорам, ки зан-модар муқаддас аст ва эҳтироми хоссаро сазовор аст. Оилаҳо набояд вайрон шаванд, аммо агар воқеан дигар илоҷе набошад, мардон бояд бо назардошти қадру қиммати зан бо ӯ муносибат кунанд. Бояд ба таври лозима дар ҳузури зан қарори худро эълом кунанд», афзуд Умаралӣ Назаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.