Р. Блейк: ИМА барои иштирок дар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон омода аст

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Муовини котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк аз номи ИМА ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаки Тоҷикистон дар масоили Афғонистон изҳори сипос намуд. Дар ин бора Роберт Блейк пас аз анҷоми мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон ба журналистон хабар дода гуфт, ки зимни […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Муовини котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк аз номи ИМА ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаки Тоҷикистон дар масоили Афғонистон изҳори сипос намуд.

Дар ин бора Роберт Блейк пас аз анҷоми мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон ба журналистон хабар дода гуфт, ки зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкориҳо дар самти амнияти марзӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар баррасӣ гаштанд.

Ёвари котиби давлатии Амрико инчунин иброз дошт, субҳи имрӯз ӯ бо палатаи савдои Амрико, ки муддати ду соли ахир дар Тоҷикистон фаъолият дорад вохӯрӣ анҷом дод. «Аз имконоти истифодаи сармояи Амрико дар баъзе лоиҳаҳои Т оҷикистон пурсон шудам»,- афзудБлейк.

Роберт Блейк ба Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси имконоти иштироки ширкатҳои амрикоӣ дар лоиҳаҳои энергетикӣ ва бозёфти канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон хабар дод. «Аммо барои ин Тоҷикистон бояд чанд мушкили худро дар бахши андозбандӣ ҳал намояд», -андеша дорад Ёвари котиби давлатии ИМА.

Инчунин ӯ афзуд, ки зимни вохӯрӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои озодии сухан ва мазҳаб мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.