Прокуратураи генералии ҶТ: Полковники милиса С. Пировро куштанд

Наргис Ҳамрабоева

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Аз рӯи далели марги раҳбари идораи амнияти дохилии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, палковник Сайдулло Пиров тибқи банди 104-уми Кодекси ҷиноӣ (куштор) парванда боз шудааст, дар ин бора муовини аввали додситони кулли кишвар Абдуқодир Муҳамадиев, зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи сешанбе,12 апрел баргузор гашт, хабар дод.

«Тафтишоти ин парванда идома дорад ва иттилои пурра пас аз анҷоми тафтишот ба ВАО хабар дода мешавад», илова намуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади полковник таърихи 5 феврали соли равон дар утоқи меҳмонхонаи «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд, пайдо карда шуд. С. Пиров бо сафари корӣ дар Хуҷанд қарор дошт. Қаблан дар мавриди марги ӯ фарзияҳои мухталиф – аз худкушӣ то сактаи қалб – оварда мешуд.

C.Пиров 19 марти соли 1950 ба дунё омад. Шуруъ аз соли 1979 дар хизмати мақомоти корҳои дохила қарор дошт. Фаъолияташро дар дастгоҳи марказии ВКД ҶТ аз соли 1994 шурӯъ кард. Ба вазифаи ахири худ соли 2009-ум таъин карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.