Анвар Юнусов чемиони Осиё оид ба бокс шуд

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар мусобиқоти чемпионати Осиё  оид ба бокс дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ варзишгари тоҷик Анвар Юнусов унвони чемпиони Осиёро ба даст овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов хабар дод, дар вохӯрии ниҳоӣ дар вазни 56 кило тарбиятгари мактаби бокси пойтахт А.Юнусов бар варзишгари Муғулистон […]

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар мусобиқоти чемпионати Осиё  оид ба бокс дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ варзишгари тоҷик Анвар Юнусов унвони чемпиони Осиёро ба даст овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов хабар дод, дар вохӯрии ниҳоӣ дар вазни 56 кило тарбиятгари мактаби бокси пойтахт А.Юнусов бар варзишгари Муғулистон дастболо шудааст. Қувваозмоии шадид бо ҳисоби 13 бар 9 ба фоидаи боксчии тоҷик анҷом ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл намояндаи дигари Тоҷикистон Мададӣ Нағзибеков дар вазни 60 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар қувваозмоии нимниҳоӣ аз варзишгари Чин бо ҳисоби 11 бар 20 шикаст хӯрд.

«Ба мусобиқоти чемпионати Осиё мо боксиёни беҳтарини худро фиристодем ва ин мусобиқот як давраи хуби омодагӣ ба иштирок дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон гардид, ки моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир мегардад», – гуфт Маҳмадрасулов.

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон дар Боку варзишгарони тоҷик барои ба даст овардани ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2012 мубориза хоҳанд бурд. Барои ин варзишгарони тоҷикро зарур аст, ки дар вазни худ ба қатори ҳашт нафар беҳтаринҳо шомил гарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.