Дар Суғд шаҳрванди Қазоқистон барои куштор маҳкум гардид

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи шаҳри Хуҷанд шаҳрванди Қазоқистонро барои ба қатл расонидани сокини шаҳр ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиа, додраси додгоҳи шаҳрӣ Иноятулло Ғуломов хабар дод, додгоҳ шаҳрванди 47-солаи Қазоқистон, сокини вилояти Актюбинск Николай Павлочевро, ки қаблан берун аз қаламрави Тоҷикистон ду маротиба маҳкум […]

Хуҷанд. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи шаҳри Хуҷанд шаҳрванди Қазоқистонро барои ба қатл расонидани сокини шаҳр ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиа, додраси додгоҳи шаҳрӣ Иноятулло Ғуломов хабар дод, додгоҳ шаҳрванди 47-солаи Қазоқистон, сокини вилояти Актюбинск Николай Павлочевро, ки қаблан берун аз қаламрави Тоҷикистон ду маротиба маҳкум шудааст, дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 104, қ. 1и КҶ ҶТ (одамкушӣ) гунаҳкор донист ва ӯро ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Бино ба гуфтаи додрас, Н. Павлочев макони зист надошта, аз моҳи декабри соли 2009 дар қаламрави шаҳри Хуҷанд қарор дорштааст ва макони зисташ қабристони христианӣ дар микрорайони 19-ум будааст.

Рӯзи 2-юми сентябри соли 2010 ӯ дар ҳолати мастӣ бо шиноси худ Валиҷон Туробов вомехӯрад.  Дар натиҷаи ҷанҷолу занозании рухдода миёни онҳо, Павлочев бо корд ба қафаси синаи Туробов зарба мезанад, ки баъди чанде ӯ ба ҳалокат мерасад. Мӯҳлати ҷазоро Павлочев дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 19 ҳодисаи куштор (соли 2010 – 26 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.