Имсол дар Тоҷикистон ҳосили рекордии пахта ҷамъоварӣ мешавад

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Деҳқонони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба ҷамоварии оммавии ҳосили пахта шурӯъ намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» директори Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи улуми кишоварзӣ, доктори илмҳо Саидҷамол Саидов хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ кишоварзони ноҳияи Конибодом ба ғунучини ҳосили пахта оғоз кардаанд. «Ҷамъоварии пахтаи […]

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Деҳқонони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба ҷамоварии оммавии ҳосили пахта шурӯъ намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» директори Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи улуми кишоварзӣ, доктори илмҳо Саидҷамол Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ кишоварзони ноҳияи Конибодом ба ғунучини ҳосили пахта оғоз кардаанд.

«Ҷамъоварии пахтаи маҳиннах дар ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон аввали ҳафтаи оянда шурӯъ мегардад», – мегӯяд ӯ.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки сабаби ба муддати 10-15 рӯз пеш аз мӯҳлат оғоз гардидани мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар хушк омадани фасли баҳор ва ҳарорати баланд дар фасли тобистон аст.

Тибқи пешгӯйиҳои олимон, деҳқонони водии Ҳисор пас аз 1-уми сентябр ва кишоварзони минтақаи шимоли кишвар пас аз 10-уми сентябр ба ҷамъоварии оммавии ҳосили пахта шурӯъ мекунанд.

«Мувофиқи пешбиниҳо, соли равон дар Тоҷикистон метавон на камтар аз 500 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуд, ки ҳосили рекордӣ дар замони истиқлолият мебошад», – изҳор кард олим.

Директори пажӯҳишгоҳ ҳамчунин гуфт, тибқи ҳисобҳо, соли равон ҳосили пахтаи маҳиннах ба зиёда аз 15 ҳазор тонна расида, ҳосили пахта ба ҳисоби миёна дар минтақаи шимоли кишвар 24-25 сентнер, дар минтақаи ҷануб – 25-26 ва водии Ҳисор беш аз 27 сентнер аз як гектарро ташкил хоҳад дод.

«Ҳамин тариқ, ба ҳисоби миёна дар саросари кишвар ҳосилнокии пахта дар сатҳи 26 сентнер аз як гектар пешбинӣ мегардад», – афзуд Саидов.

Ёдрас мекунем, ки соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 203 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 160,4 ҳазор гектар кишт шуда, 310 ҳосил ба даст оварда шуд. Қобили зикр аст, ки соли равон дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати пахта то ба 5 ҳазор доллари ИМА барои 1 тонна расид, ки нисбат ба соли гузашта қариб 3 маротиба зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.