Сохтмони поягоҳ бо нишони Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист

Asia-Plus

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони сутуни 45-метра барои гузоштани нишони Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист. Ин сутун дар маркази шаҳри Душанбе, дар қисмати чапи Кохи Миллат воқеъ аст. Дар қисмати рости Кох поягоҳи баландтарин дар ҷаҳон бо парчами Тоҷикистон ҷойгир аст, ки баландии он 165 метрро ташкил медиҳад. Маросими кушодани ин […]

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони сутуни 45-метра барои гузоштани нишони Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.

Ин сутун дар маркази шаҳри Душанбе, дар қисмати чапи Кохи Миллат воқеъ аст. Дар қисмати рости Кох поягоҳи баландтарин дар ҷаҳон бо парчами Тоҷикистон ҷойгир аст, ки баландии он 165 метрро ташкил медиҳад.

Маросими кушодани ин иншоот дар остонаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назар аст.

Ахири моҳи майи соли равон дар Душанбе маросими санҷишии бардоштани парчам ба поягоҳ доир гардид. Паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.

Қабл аз ин поягоҳи баландтарини парчами миллӣ дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку гузошта шуда буд, ки 162 метр баландӣ дорад.

Сохтмони поягоҳ барои парчам 24-уми ноябри соли 2010 дар Рӯзи парчами миллӣ оғоз гардид. Бунёди сутун барои нишони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 шурӯъ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.