Ба бинокорони тоҷик дар Сочи ба тоҷикӣ ҳарф заданро манъ карданд

Аҳмадалӣ Тоҷиддинов

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳар як муҳоҷири меҳнатие, ки дар вақти корӣ дар сохтмони иншооти шаҳри Сочии Русия бо забони модарӣ ҳарф мезанад, 100 рубли русӣ ҷаримабандӣ мегардад, – хабар медиҳад нашриёти русии «Аргументы и факты». Маъмурияти шаҳри Сочи ин амалро поймолкунии ҳуқуқ нашуморида, ба хотири таъмини амнияти коргарон унвон мекунад, зеро дар […]

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳар як муҳоҷири меҳнатие, ки дар вақти корӣ дар сохтмони иншооти шаҳри Сочии Русия бо забони модарӣ ҳарф мезанад, 100 рубли русӣ ҷаримабандӣ мегардад, – хабар медиҳад нашриёти русии «Аргументы и факты».

Маъмурияти шаҳри Сочи ин амалро поймолкунии ҳуқуқ нашуморида, ба хотири таъмини амнияти коргарон унвон мекунад, зеро дар иншооти олимпии шаҳри Сочи намояндагони беш аз 20 миллат машғули коранд ва агар ҳар миллате бо забони худ ҳарф занад, рух додани ҳодисаҳои нохуш зимни иҷрои корҳои сохтмону насб аз эҳтимол дур нест.

Ба бинокороне, ки омӯзиши забони русӣ барояшон душвор аст, гузаштан ба гуфтугӯи маъмулии сохтмонии қабулшуда пешниҳод мегардад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, феълан 735 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, вале коршиносон бар ин назаранд, ки ин шумор хеле бештар аст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский изҳор дошта буд, ки сатҳи дониши забони русии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия фаъолият доранд, бояд санҷида шавад. «Агар шаҳрванди хориҷӣ дар Русия машғули кор бошаду ба мардум хизматгузорӣ намояд, бояд забони русиро балад бошад», – гуфта буд ӯ.

Ҳамчунин Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия низ бар ин назар аст, ки дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ ва истифода аз ҳуқуқҳои худ мушкилоти аслии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад, ки аз он корфармоҳои беинсофи Русия истифода мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.