Ба оилаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Ашт манзили зист бунёд гардид

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | То имрӯз дар шаҳраки Бахмали ноҳияи Ашт барои оилаҳои аввали тобистони соли равон аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоатҳои Бободархон, Сароб ва Гудос, ки манзили зисташон хароб гардида буд, 11 хонаи истиқоматӣ бунёд гардид. Сохтмони манзили зист идома дошта, дар маҷмӯъ бояд 17 манзили зист бунёд карда шавад. Манзилҳои зист […]

Хуҷанд. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | То имрӯз дар шаҳраки Бахмали ноҳияи Ашт барои оилаҳои аввали тобистони соли равон аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоатҳои Бободархон, Сароб ва Гудос, ки манзили зисташон хароб гардида буд, 11 хонаи истиқоматӣ бунёд гардид. Сохтмони манзили зист идома дошта, дар маҷмӯъ бояд 17 манзили зист бунёд карда шавад. Манзилҳои зист сеҳуҷрагиву якошёна буда, бо хишти пухта сохта мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, тамоми манзили зист бо мебел ва дигар асбобу ашёи рӯзгор таъмин карда хоҳанд шуд. Манзили зист аз ҳисоби маблағҳои бюҷетӣ, кӯмакҳои соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳо бунёд мегардад. Айни замон оилаҳои осебдида дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 11 ба 12-уми ибни соли ҷорӣ дар вилояти Суғд шамоли сахт ва боришоти зиёд боиси омадани сел гардида буд.

Аз ҳама бештар 12 деҳаи ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Панҷакент хисорот бардошта, дар онҳо манзилҳои зист, зербинои деҳот – роҳу пул, беморхона, мактабҳо, низоми обтаъминкунӣ, каналҳои обёрӣ ва хатҳои интиқоли барқ хароб шуданд. Ҳамчунин ба заминҳои кишт низ зарар расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.