Ширкати тоҷикистонӣ дар тендери сохтмони сарбанд дар Афғонистон ғолиб дониста шуд

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Ширкати тоҷикистонии ҶСП «ТАДЭС» сохтмони навбати аввали сарбанд дар қисмати ҷанубу шарқии Афғонистонро, ки бунёди он ним аср пеш оғоз гардида буд, ба анҷом мерасонад. Бино ба иттилои ОИ «Bakhtar», ширкати «ТАДЭС» дар тендери эълоншуда оид ба сохтмони навбати аввали сарбанди Камол Хон дар рӯдхонаи Ҳилманд дар музофоти Нимроз […]

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Ширкати тоҷикистонии ҶСП «ТАДЭС» сохтмони навбати аввали сарбанд дар қисмати ҷанубу шарқии Афғонистонро, ки бунёди он ним аср пеш оғоз гардида буд, ба анҷом мерасонад.

Бино ба иттилои ОИ «Bakhtar», ширкати «ТАДЭС» дар тендери эълоншуда оид ба сохтмони навбати аввали сарбанди Камол Хон дар рӯдхонаи Ҳилманд дар музофоти Нимроз миёни 8 ширкати дигар ғолиб дониста шудааст.

Ахири ҳафтаи гузашта дар ин хусус вазири энергетика ва захоири обии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон ва роҳбари ширкати «ТАДЭС» Нуралӣ Ниёзов» ба маблағи 10 млн. доллари ИМА қарордод ба имзо расонидаанд.

Дар маросими имзои созишнома М. Исмоилхон изҳор кардааст, ки маблағи умумии сохтмони сарбанди мазкур 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, он дар се марҳила ба анҷом расонида мешавад. Гуфта мешавад, бунёди сарбанд ба обёрии ҳудуди 80 ҳазор гектар замин ва истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳаҷми 8,5 МВт имкон фароҳам хоҳад сохт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.