Сиёсатшинос: Рафтани Кабирӣ муносибати ҳизб бо ҳукуматро печидатар месозад

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Рӯзноманигор ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат мӯътақид аст, ки изҳороти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи ихтиёран аз мансаби раиси ҳизб рафтанаш, ки аввали соли равон иброз дошта буд, самимӣ аст. «Агар дар хотир дошта бошед, дарҳол пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли 2010 […]

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Рӯзноманигор ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат мӯътақид аст, ки изҳороти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи ихтиёран аз мансаби раиси ҳизб рафтанаш, ки аввали соли равон иброз дошта буд, самимӣ аст.

«Агар дар хотир дошта бошед, дарҳол пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли 2010 Муҳиддини Кабирӣ изҳор карда буд, ки мардум ба ҲНИТ 30-40% раъй додаанд. Дар мавриди эътироз ба натоиҷи эълонгардида, ӯ гуфта буд ба иқдомоти қотеъона даст мезанад, вале он замон ба ин ваъдаи худ вафо накард. Шояд вазъи кишварро муташанниҷ кардан намехост, вале ин рафтори оқилонаи ӯро дар ҳукумат нодида гирифтанд», – мегӯяд рӯзноманигор дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Н. Давлат мутмаин аст, ки бо изҳороти ҳамонвақта ба М. Кабирӣ муяссар гардид, ки аъзои ҳизбро ором созад ё ба қавли дигар, ӯ нақши омили боздорандаро бозид. Аз ҷониби дигар, мегӯяд коршинос, чунин тасмими Кабирӣ метавонист боиси норозигии ҳам мақомоти раҳбарӣ ва ҳам аъзои қатории ҳизб гардад.

«Сабаби дигари норозигӣ метавонад хомӯшӣ ё беамалии ӯ нисбати иқдомоти қотеъонаи минбаъдаи ҳукумат бошад. Ин марги мармузи собиқ қумондони нерӯҳои низомии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Мирзо Зиёев, таъқиботи шадиди собиқ қумондонҳои сахроии дигар, аз қабили Мирзохӯҷа Низомов аст. Дар ҳамин ҳол, набояд фаромӯш сохт, ки размандагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик аслан аъзои ҲНИТ буданд», – қайд кард Н. Давлат.

Дар идома коршинос зикр кард, ки замоне, ки ҳатто боздошт ва ҳабси аъзои ҲНИТ шурӯъ шуд, дар ҳукумат ба суханни Кабирӣ ҳеҷ эътиборе надоданд. «Он замон ӯ ҳамчун иттифоқчии ҳақиқии ҳукумат амал кард», – чунин ибрози андеша мекунад Н. Давлат.

Аз ҷониби дигар, ӯ бо собиқ қумондонҳои саҳройӣ ҳеҷ робитае надошт. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ба мақомоти раҳбарии ҳизб шомил набуд ва бо ҷангиёни иттиҳод низ робитаи мустақим надошт.

Коршинос фаъолияти М.Кабирӣ дар парлумонро низ ба нафъи ӯ намедонад. «Донишу таҷрибаи ӯ дар парлумон ҳеҷ нақше надоранд ва ин пас аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд возеҳтар аён гардид», – таъкид кард ӯ.

Коршинос бар ин назар аст, ки дар вазъи кунунӣ изҳороти Кабирӣ дар бораи ихтиёран аз мансаби раиси ҳизб рафтан тасмими дарки он аст, ки роҳандозии робитаҳо миёни ҳукумату ҳизб ба ӯ душвор шудааст.

Акс аз ozodi.org

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.