Ӯзбекистон марзро намебандад

Аваз Юлдошев

Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон мақомоти ин кишвари ҳамсоя равуои шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзии худ маҳдуд намесозанд. Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои дахлдор бидуни монеъа метавонанд вориди қаламрави Ӯзбекистон шаванд. «Соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни […]


Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон мақомоти ин кишвари ҳамсоя равуои шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзии худ маҳдуд намесозанд.

Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои дахлдор бидуни монеъа метавонанд вориди қаламрави Ӯзбекистон шаванд.

«Соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлоли давлатии Ӯзбекистон шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши гирифтани раводидро доштанд, хеле кам шуд. Ба ақидаи мо, инро сабаб дар он аст, ки аксари шаҳрвандон аз боз нигоҳ доштани марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашн огаҳӣ надоранд», – гуфтанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки солҳои қаблӣ дар остонаи таҷлили ҷашнҳо Ӯзбекистон реҷаи равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояро маҳдуд месохт. Ҷашни истиқлоли давлатии Ӯзбекистон ҳамасола 1-уми сентябр таҷлил мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.