Иштироки ду варзишгари тоҷик дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон

Акмал Маннонов

Ҳайати дастаи Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Дэгуи Кореяи Ҷанубӣ ширкат меварзад, муайян карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармураббии дастаи Тоҷикистон Ӯлмас Олимов хабар дод, ба ҳайати даста Дилшод Назаров (гурзпартойӣ) ва Влада Овчаренко (давидан ба масофаи 100 метр) шомил гардидаанд. «Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқоти мазкур […]


Ҳайати дастаи Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Дэгуи Кореяи Ҷанубӣ ширкат меварзад, муайян карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармураббии дастаи Тоҷикистон Ӯлмас Олимов хабар дод, ба ҳайати даста Дилшод Назаров (гурзпартойӣ) ва Влада Овчаренко (давидан ба масофаи 100 метр) шомил гардидаанд.

«Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқоти мазкур омода буда, айни замон Дилшод Назаров дар макони баргузории мусобиқот – Кореяи Ҷанубӣ машғули тамрин аст ва рӯзҳои наздик Влада Овчаренко низ ба он ҷо меравад», – гуфт ӯ.

Мусобиқоти чемпионат аз рӯйи ҳамаи навъҳо дар варзишгоҳи ш. Дэгу доир мегарданд, ки аз ҷиҳати бузургӣ пас аз шаҳрҳои Сеул, Пусан ва Инчхон чаҳорумин шаҳри бузургтарини Кореяи Ҷанубӣ аст.  

Мусобиқоти мазкур аз 27-уми август то 4-уми сентябри соли равон доир гардида, дар он ҳудуди 2 ҳазор нафар варзишгарон аз 202 кишвари дунё ширкат меварзанд. Дар зарфи 9 рӯз варзишгарон барои гирифтани 47 медал (24 дад барои мардон ва 23 адад барои занон) қувваозмоӣ хоҳанд кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.